(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар манзили Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Устод Муҳиддин Хоҷазод бо иштироки аҳли зиё ва пайвандон маросими видоъ баргузор гардид.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзода таъзияи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонд.
Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, номаи тасаллияти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҷамшед Набизода арзи тасаллияти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба ҳозирин ироа намуд.
Таъкид шуд, ки ҳар халқу миллат зиндагиномаи шахсиятҳои маъруфу бузургони худ, пешқадамону сиёсатмадорон, ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, Арбобони намоёни илму фарҳанг, собиқадорони соҳаю шахсони барӯманд, зиёиёни пешқадам ва инсонҳое, ки бо кору амалҳои нек дар зиндагӣ аз худ нақше барои насли оянда боқӣ гузоштаанд намунаи олии ибрат ба ҳамагон медонад. Дар қатори ин гуна шахсиятҳои арзандаю фидоии касбии хеш метавон номи инсони комилу мӯътабар, хоксору нексиришт, шахсияти поктинату поквиҷдон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Устод Муҳиддин Хоҷазод мебошанд, ки имрӯз дар байни мо нестанд.
Устод Муҳиддин Хоҷазод дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардаанд.
Устод аз соли 2010 Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ буданд.
Бо Ифтихорномаҳои собиқ ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф», унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» мукофотонида шудаанд.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1970 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буданд. Мо боварӣ дорем, ки фарзандону шогирдонашон идомадиҳандаи кору пайкори ин шахсияти муътабар мегарданд.
Шогирди Нависандаи халқии Тоҷикистон, Муҳиддин Хоҷазод- Аслам Каримов аз кору пайкор, эҷодиёт ва нақши мондагони марҳум ёдоварӣ намуд.
Ҷовидхон Муҳиддинов, фарзанди Устод Муҳиддин Хоҷазод изҳори миннатдории пайвандон ва аҳли хонаводаро ба ҳозирин расонд.
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аз фазилатҳои ҳамнишинӣ бо Устод Муҳиддин Хоҷазод ёдоварӣ намуда, бо иҷрои рукнҳои маросимӣ ба ҳамоиш ҳусни анҷом бахшид.