(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба 70 солагии Ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқ Раиси шаҳри Хуҷанд Абдувалӣ Комилзода конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди сохтмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар қисмати расмии конфронс номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати 70 солагии Абдувалӣ Комилзода аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ироа гардид.
Муовини якуми раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умаров аз хизматҳои шоёни Абдувалӣ Комилзода дар рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ гуфт.
Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода қироат карда шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки хизмати Абдувалӣ Комилзода ба халқу Ватан назаррас буда, тўли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиаш дар ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус соҳаи сохтмон мартабаҳои баланди касбиро фатҳ намуда, ҳамчун роҳбар, ташкилотчии бомаҳорат барои беҳтар гардидани сифати бунёди иншоотҳои гуногуни замонавӣ, истифодабарии меъмории миллию муосир, истифода намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа, пурқувват гардонидани базаи моддию техникии ширкату ташкилотҳои сохтмонӣ ва афзун намудани шумораи онҳо саҳми арзанда гузоштааст. Амалҳои неку арзишманд эшон бо эҳсоси баланди ватандўстию хештаншиносӣ ба иҷро мерасид, ки мавсуф бо унвонҳои баланди касбӣ «Бинокори фахрӣ», «Медали шоиста», Медалҳои ҷашнӣ ва ҳамчунин бо ифтихорномаву сипосномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ намудаанд.
Дар ҷараёни кори конфронс Оқил Оқилов, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турсунбой Раҳматов, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Шаҳриёр Саъдуллозода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Вайсиддин Фатҳиддинов, собиқ мувини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Раиси Суди ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мӯъминҷон Бобоев, Раиси ассотсиатсияи сохтмончиёни вилоят, Саъдулло Неъматов Саъдулло, Муҳаммадҷон Ашӯров, Шариф Шарифзода, Абдуазиз Комилов ва дигарон баромад намуда, роҳи тайнамудаи Абдувалӣ Комилзода маълумот дода, аз саҳми мавсуф дар рушди сохтмонҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бори дигар ёдоварӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Абдувалӣ Комилов 25-уми марти соли 1954 дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи собиқ Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик М. Осимӣ) бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ мебошад. Фаъолияти меҳнатии мавсуф соли 1976 ба сифати муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Идораи хоҷагии қишлоқи Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Хуҷанд оғоз шуда,минбаъд ба ҳайси усто-конструктор, технологи калон,прораб, сармуҳандис, сардори Идораи махсуси механиконидаи рақами 35-уми Трести «Тоҷикстроймеханизатсия»-и шаҳри Ленинобод, сардори Трести «Спетсстроймеханизатсия-2»-и шаҳри Ленинобод ва раиси Трести «Ленинободстрой» кор кардааст. Бо соҳибистиқлолии кишвар доираи фаъолияти Абдувалӣ Комилов дар вазифаҳои гуногуни сатҳи баланд густариш ёфту мизони масъулияташ вазнинтар шуд. Солҳои 1996-2001 мавсуф ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ленинободсохтмон» софдилона ифои вазифа намуд.
Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоби кадрҳои роҳбарикунанда хеле дақиқназар буда, шабеҳи гавҳаршиносест, ки беҳтарин дурдонаҳоро интихоб менамояд. Ин аст, ки дар симои Абдувалӣ Комилов мутахассисеро дарёфт, ки қодир аст дар дилхоҳ маснад софдилона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намояд. Маҳз аз ҳамин айём марҳилаи нави зиндагиву роҳбарии номбурда шурӯъ гаштаву то кунун бемайлон, босубот ва муваффақона идома дорад. Хотирнишон менамоем, ки мавсуф дар вазифаҳои муовини раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон», муовини раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Соли 2006 номбурда директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони соҳа таҳти роҳбарии Абдувалӣ Комилзода усули ҷадиди меъмориро, ки дар он талаботи ҷаҳони муосир бо унсурҳои миллии меъмории мардуми тоҷик тавъам мебошанд, таври густурда мавриди истифода қарор додаанд.
Дар анҷоми конфронс Ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Абдувалӣ Комилзода барои ташкили чунин конфронс арзи миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки қадршиносии шахсиятҳои арзанда ва гиромӣ доштани хидматҳои онон дар инкишофу пешрафти ҷомеа аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Маҳз маҳсули ҳамин сиёсат аст, ки ҳамасола дар кишвари мо ба ҷашну бузургдошти чеҳраҳои давлату сиёсат, адабиёту фарҳанг, саноату санъат ва ҳамчунин инсонҳое, ки ба халқу ватан хизмат намудаанд, арҷ гузошта мешавад. Фаъолияти собиқадорони арсаи меҳнат, кору пайкори ибратбахши онҳо мавриди тарғибу ташвиқ дар миёни ҷавонон қарор гирифта, аз ин роҳ сабақҳои омўзандаи амалҳои неку арзишманди ин гурўҳ инсонҳои барўманд, маърифатпарвар ва манфиатбахши ҷомеа ба унвони дарси ибрат ва намунаи олии зиндагонии шоиста муаррифӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд