(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд.Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ тантанаи идона баргузор гардид. Баъди садо додани Суруди миллӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозирон ва ҷамъомадагонро бо ин рӯзи фархунда аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ табрик намуд ва таъкид намуд, ки «Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.» Дар барномаи консертӣ гурӯҳи ҳамсароёни мактабҳои мусиқии шаҳр, ҳунармандони шинохта Ҳасан Камол ва Нозияи Кароматулло ширкат намуда, таъби ҳозиронро болида сохтанд.