(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хуҷанд омада, сарбозону афсаронро бо Иди миллӣ табрику таҳният намуданд.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои мудофиавии мамлакат ёдоварӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ артиши миллӣ таъсис дода шуда, минбаъд такмил ёфт ва имрӯз ба мудофеъи давлату миллат табдил ёфтааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои боз ҳам беҳтар намудани шароити қисмҳои низомии гарнизони Суғд мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ ороста шуда, ба қисмҳои низомӣ маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.