(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз мавзеи сӯхтор дидан намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии муовинони худ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, мудирони шӯъбаҳои дахлдор ба мавзеи сӯхтори марказҳои савдо омад. Ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири ҳолатҳои сӯхтори ба амаломада, фаъолияти ситоди шаҳрӣ маълумот дода шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ дар се марказхои савдои дар мавзеи Панҷшанбе ҷойгиршуда,-«Баҳор», «Тоҷир», «Сино» 82 нуқтаҳои савдо оташ гирифта, ҳисороти умумӣ дар марҳилаи имрӯза наздик ба як миллион сомонӣ аст.
Айни замон ба қисме аз соҳибкорон дар марказҳои савдои ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ,бозори дар микроноҳияи 34 мавҷуд буда барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ бе пардохти иҷорапулӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Чунин имконият барои соҳибкорони дигар низ дар сурати хоҳиш доштани онҳо пешниҳод карда мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти марказхои савдои номбурда ва соҳибкорони зарардида сӯхбат намуда, таъкид намуд, ки роҳбарияти шаҳр, тамоми сохторҳои марбута барои чораҷӯӣ намудан оқибатҳои сӯхтор фаъолият доранд. Ба муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони марказҳои савдо супориш дода шуд,ки ҳарчӣ зудтар лоиҳаи ҷадидро бо риояи ҳама талаботҳои мавҷудаи маркази савдо омода намуда, барои тасдиқ ба сохторҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд доири бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор, аз партов тоза намудани марказҳои савдо то санаи 1 декабри соли равон мӯхлат дод.
Барои сари вақт барқарор намудани фаъолияти мукаммали марказҳои савдо ва бартараф намудани оқибатҳои сӯхтори ба амал омада дар ин ҷоҳ ҳамрӯза ситоди шаҳрӣ фаъолияти худро идома хоҳад дод.