(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТТ №28-и шаҳри Хуҷанд бахшида баРӯзи модар маҳфили хотирмон сурат гирифт. Кӯдакон дар васфи Модар шеъру суруд ва гуфторҳо қироат намуданд.

Таъкид шуд, ки мо ифтихор менамоем, ки модари тоҷик давоми тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда будааст ва ин рисолати муқаддасашро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Зан-Модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзандашро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.
Зикр шуд, ки шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз Модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Аввалин омӯзгори беминнати инсон Модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд