(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен бо мақсади ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ҷалб намудани хонандагон, фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдод, баланд бардоштани дарки зебоиву эстетикӣ ва ҳавасманд намудани наврасу боистеъдод бахшида ба баргузории ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ даври вилоятии озмуни "Ҳафт сину ҳафт шин" ва "Маликаи Наврӯзӣ" баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки Озмун бо мақсади вусъат додани нерӯи эҷодӣ, тарбияи завқи маънавии кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, омӯзиши таърих ва тадқиқи маросиму идҳои миллӣ, ғанӣ гардонидани маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ, тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои миллӣ гузаронида шуд.
Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи озмун насиби хонандаи синфи 11-и МТМУ № 5-и шаҳри Хуҷанд Шоҳинахон Ахмедова гардид.
Ҳамзамон дастаи шаҳри Хуҷанд аз гимназияи № 24 дар озмуни вилоятии "Ҳафт сину ҳафт шин" сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ин дастовард ба ҳамагон муборак бошад!


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд