(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд даври мактабии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар озмун довталабони фаъол аз ҳисоби хонандагон ва омӯзгорон фаъолона ширкат варзиданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб мешаванд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, барои пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Зикр гардид, ки китоб ганҷинаи дониш, маҳзани умеду орзуҳо ва роҳнамои инсонҳо мебошад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст». Дуруст аст, ки шахси китобхон хеҷ вақт дар торикиву душвориҳои зиндагӣ ноумед намешавад, чунки маҳз панду андарзҳои китобро роҳнамои худ дар зиндагӣ меҳисобад.
Маҳз ба шарофати ин озмун солҳои охир тамоми қишри ҷомеа китобхон гардид. Имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар хонадон аҳли хонавода китобхон шудаанд. Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки нишони соҳибмаърифатии ҷомеа аст.
Ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро ба даври шаҳрӣ роҳхат доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд