(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСанаи 6 марти соли 2024 дар толори раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳамгироии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот» баргузор гардид.

Конфронсро директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намудаанд, ки «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем”.
Дар ин заминаи гуфторҳои Пешвои муаззами миллат конфронси имрӯза ташкил гардид.
Зикр шуд, ки таҳқиқи сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки ҳамгироии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот бо як чанд масъалаҳо вобаста мебошад, ки коркарди мундариҷаи таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ ва бозори меҳнати ҷаҳонӣ; ташкили раванди таълими ба донишҷӯ нигаронидашуда; ташкили муҳити кории эҷодиву созандагӣ барои омӯзгорон ва кормандон бо механизмҳои ҳавасмандкунӣ барои кори пурмаҳсул ва муваффақ дар ҷодаи таълим ва илм; равобит ва мубодилаи доимии донишҷӯён ва омӯзгорон бо муассисаҳои таъдимии мамлакатҳои гуногун; назорати доимии сифати таълим ва таҳсил бо роҳи ҷорикунии стандартҳои байналмилалии арзёбии сифат, ба монанди ESG-2015, ENQA, ISO ва ғайра аз зумраи он мебошанд.
Таъкид гардид, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 “Соли фарҳанги техникӣ” эълон гардид. Ҳадаф аз ин ташаббус баланд бардоштани шавқ ва завқи насли наврас ва ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ - яъне, техникаву технология маҳсуб меёфт. Яке аз меваҳои шаҳдбори ин ташаббус ва даврони соҳибистиқлолӣ таъсиси Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад, ки моҳи феврали соли 2010 дар заминаи ду филилали муассисаҳои олии кишвар – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рӯи кор омад.
Дар пеши роҳбарияти нави муассиса вазифа меистод, ки пояи моддиву техникӣ, сатҳ ва сифати таълим ва муҳимтар аз ҳама тарбия намудани мутахассисони варзида дар риштаҳои муҳандисӣ, техникаву технология, молия ва қарз саҳм гузорад. Роҳбарии ин муассиса бар дӯши олими корозмуда, ташкилотчии муваффақ, инсони соҳибдил ва фазилатпеша номзади илмҳои физика ва математика Анвар Мақсудӣ вогузор гардид.
Дар натиҷаи талошҳои зиёд, имрӯз мо агар ба таърихи донишкада назар кунем, аз солҳои аввали асри ҷорӣ корҳо оид ба воридшавӣ (наздикшавӣ) ба фазои байналмилалии таҳсилот оғоз ёфтааст.
Дар ҷараёни конференсия якчанд нафар олимон, муҳаққиқон низ баромад карда, маърӯзаҳои илмии худро ироа намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки раёсат ва коллективи меҳнатии донишкада барои амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҷамъи нерӯву малака, донишу маҳорати худро сафарбар менамоянд.