(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси муроҷиат ва навори нашршуда оид ба бозии фиребгаронаи байни мардум маъмули ба истилоҳ “Алику Малик” дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз дар шабакаи “Фейсбук” нашр гардид, бо супориши сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода фавран аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд шахсияти ин фиребгарон муайян ва нафари асосии ба ин амали паст ва нангин машғул буда, дастгир ва нисбаташ чораҳои ҳуқуқӣ андешида шуд.

Маълум гардид, ки ба ин амал шаҳрванд Раҳимов Ҷамшед Суҳробшоевич, соли таваллудаш 11.09.1981 истиқоматкуннадаи шаҳри Хуҷанд микроноҳияи 20, бинои 15 “а”, ҳуҷраи 40 даст задааст ва ҳамарӯза мардуми зудбоварро фиреб дода, ба ин васила маблағи муфт кор мекардааст. Нисбати номбурда бо моддаи 465 қ.1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода, ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ чунин нафарони фиребгарро боздошт ва ҷавобгарӣ мекашанд. Мутаассифона боз онҳо пинҳонӣ ва гоҳо ошкоро кори пасти худро идома мебахшанд, ки ҳар як амали онҳо беҷавоб нахоҳад монд.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш ва даъват ба амал оварда мешавад, ки ба доми чунин фиребгарон наафтанд ва зудбовар нашаванд. Мақсади ин зумра бо фиребу найранг дарёфти маблағи муфт мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд