(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нақшаи даъват дар шаҳри Хуҷанд ба иҷро расид.Дар шаҳри Хуҷанд нақшаи даъвати ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расид.
Бо мақсади бо сифат ва дар мӯҳлати муқарраргашта иҷро гаштани нақшаи даъват тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода комиссия махсус фаъолияти худро аз моҳи сентябр оғоз намуда буд.
Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани фаъолияти судманд аз ҷониби аъзоёни комиссияи даъват, ташкили вохӯриҳо, робитаи хуби кумитаи маҳаллаҳо бо комиссияи даъват иҷроиши саривақтии нақшаи даъватро таъмин намуд. Дар ин самт фаъолияти кумитаҳои маҳаллаҳои «Бофанда» «Раззок ва «Хучанд» қобили зикр аст.