(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади бузургдошти модарон ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои онҳо дар рушду суръатбахшии хоҷагии халқи мамлакат бахшида ба Рўзи модар як қатор бонувони собиқадори давлатию ҷамъиятӣ ва аҳли илу адабро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни дидорбинӣ ва табрикот бо Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Ходими давлатию сиёсӣ, Сайрам Исоева, Шаҳрвандии фахрии шаҳри Хуҷанд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон роҳбари ансамбли фолклории «Бибиҳо», Махфират Дадобоева, собиқадори меҳнат, Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, Файзинисо Ғафурова, собиқадори меҳнат, соҳаи маориф, Хосият Зокирова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон аз ҷумла афзуд, ки пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни зан-модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст.
Таъкид шуд, ки занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд.
Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад.
Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Яъне ҳар чӣ қадар, ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.
Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Ходими давлатию сиёсӣ, Сайрам Исоева, Шаҳрвандии фахрии шаҳри Хуҷанд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон роҳбари ансамбли фолклории «Бибиҳо», Махфират Дадобоева, собиқадори меҳнат, Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, Файзинисо Ғафурова, собиқадори меҳнат, соҳаи маориф, Хосият Зокирова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба бонувон, бахусус занони собиқадор арзи миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар яонда низ баҳри тарбия, насиҳат ва раҳнамоии насли наврасу ҷавон тамоми васила ва қувваи хешро сафарбар хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд