(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд»

Маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ, шоири шинохтаи тоҷик таҳти унвони «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд» рӯзи якшанбеи 16 ноябр дар Фарҳангсарои андешаи шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон доир шуд.
Маросими бузургдошт бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва масъулони фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону Эрон доир шуд. Дар он Раиси вилоят суханронӣ намуд. Ӯ бо изҳори ташаккур аз меҳмоннавозии эрониён иброз дошт, ки бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамасола барои бузургдошти шахсиятҳои бузург чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ доир мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон илова намуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан маркази он шаҳри Хуҷанд шаҳре бисёр зебост ва модоме сарварии ин вилоят бар ӯҳдаи мост, зебосозии он ва зинда намудани шахсиятҳои бузург, аз ҷумла Камоли Хуҷандиро бо роҳбарии Сарвари давлат вазифаи худ медонем.
Абдураҳмон Қодирӣ дар идомаи суханони худ аз ҷашни таҷлил аз шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 тавассути созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО хабар дод. Ӯ дар ҳузури аҳли фарҳанги Эрон гуфт, ки мо бо фарҳангу забони муштарак ҷонибдори густариши робитаҳо ҳастем.
Дар маросими бузургдошти Камоли Хуҷандӣ дар Теҳрон сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматуллоҳ Эмомзода низ сухан гуфта, изҳори умед кард, ки ин шабнишинӣ барои ошноии бештари аҳли фарҳангу адаби кишварҳои дӯст мусоидат хоҳад кард.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоираи мумтози тоҷик, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, суханронии худро бо қироати шеъре аз Камоли Хуҷандӣ оғоз бахшид ва дар идома гуфт: исми осори шайх Камоли Хуҷандиро қанди баста мегузорем. Осори Камол мисли хони малоҳат аст, ки аз он ҳамвора баҳра мебардорем.
Дар маросими бузургдошт ҳамчунин раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон доктор Шабистарӣ, прафессор Фахриддин Насриддинов, Аҳмадҷони Раҳматзод, доктор Асғари Додбеҳ, устоди донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, доктор Довуд Аминӣ, доктор Маҳдии Муҳаққиқ ва дигарон сухан гуфтанд.
Хотирнишон менамоем, ки рӯзи якшанбеи 16 ноябр бо роҳбарии Раиси вилоят ҳайате аз вилояти Суғд барои иштирок дар ҳамоиши «Камол - кимёи Табрезу Хуҷанд» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда буд. Ҳамоиши мазкур дар шаҳрҳои Машҳад ва Табрез низ идома меёбад.