(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

Собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ, афсарону сарбозони шуҷои Артиши миллӣ, ҳамшаҳриёни азиз!

Имсол ба таъсисёбии Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвари соҳибистиқлоли мо 31 сол пур шуд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми феврали соли 1993 дар қаламрави кишвар Рўзи Артиши миллӣ эълом гардид ва аз ҳамон вақт то ин дам Рўзи Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо тантанаву эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил мегардад. Миллати тоҷик афсарону аксарон, сарбозону собиқадорон ва умуман, кулли ҳомиёни Ватанро дар ин санаи муборак қадр мекунад ва хизматҳои шоёнашонро дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол шоиста медорад. Бешак, дар фосилаи беш аз сӣ сол Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби бузурги ватандорӣ, оини ҷавонмардӣ, пойдевори тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонони ғаюру далери тоҷик гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ватандўстии наврасону ҷавонон ишора намуда, таъкид доштанд, ки «Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷўҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳа ин нуктаи муҳими дастури Пешвои миллатро вазифаи аввалиндараҷаи хеш медонанд ва дар иҷрои он камари ҳиммат бастаанд. Зеро “...Хизмат кардан ба Ватан, аслан хидмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад”.
Ҳукумати мамлакат вазъияти зудтағйирёбандаи ҳарбӣ – сиёсии ҷаҳони муосирро ба назари эътибор гирифта, ба таъмини моддӣ-техникӣ, пуррагардонии сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки қисмҳои ҳарбии кишвар ва шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизот ва техникаи зарурӣ таъмин буда, сафи ихтиёриёне, ки бо ташаббуси худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, омодагии хешро барои адои қарзи фарзандӣ ифода мекунанд, зиёд гардида истодааст.
Дар қонуни асосии мо – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон муҳимтарин мактаби обутоб ва шуҷоату диловарӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо онҳо сабақи ҳаёту мардонагӣ, муҳофизат намудани Ватанро меомўзанд. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, то мардуми шарифи мо дарк намояд, ки артиши қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта мебарад.
31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шумо, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, тамоми ҳамшаҳриёни азиз муборак бошад.
Бароятон саломатӣ, рўзгори хуш, осмони софу беғубор ва дар ҳифзи Ватан шуҷоату ҷавонмардӣ, комёбиву музаффарият таманно менамоям.