(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Гурӯҳи корӣ иҷроиши амрро месанҷад.Тибқи амри Раиси шаҳр аз 30 апрели соли 2014, №86 «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба эътидол даровардани қитъаҳои замини ҷудошуда» гуруҳи корӣ бо роҳбарии Раиси шаҳр моҳи октябри соли ҷорӣ аз рафти сифати сохтмон, риояи техникаи бехатарӣ, меъёру қоидаҳои иморатсозӣ, талаботи ҳифзи муҳити зист дар иншоотҳои сохташаванда дидан намуда, якчанд камбудиҳоро муайян намуданд.
Аз ҷумла, дар сохтмони бинои 6 ошёнаи истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Ленин назди идораи Сарраёсати кишоварзии вилоят, ки ба шаҳрванд Абдуазиз Атамов тааллуқ дорад якчанд камбудиҳо аз қабили иҳота нагардидани мавзеъ, мавҷудияти партовҳои сохтмонӣ, риоя нагардидани техникаи бехатарии истифодаи қувваи барқ ва таъхирёбии муҳлати сохтмон ошкор гардиданд. Дар иншоотҳои сохташавандаи маҳаллаи 19, ки ба соҳибкорон Тоҳирова Мавзуна ва Маҳмудшехов Далер тааллуқ дорад, иҳота нагаштани мавзеи сохтмон, банд кардани пайроҳаи сокинон, то ҳол оғоз нагаштани корҳои сохтмонӣ, мавҷудияти партовҳои сохтмонӣ, риоя нагардидани техникаи бехатарии истифодаи қувваи барқ мушоҳида гардида буд.
Дар вакти боздиди гуруҳи корӣ аз ҳолати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта (12.11.14) маълум гардид, ки камбудии дар иншооти сохташавандаи назди бинои Сарраёсати кишоварзии вилоят бартараф карда шуда, сохтмони иншооти мазкур дар марҳалаи анҷомёбист. Дар иншооти 6 ошёнаи сохташудаи ба шаҳрванд Тоҳирова Мавзуна мансуббуда низ камбудиҳои ҷойдошта ба истиснои риояи қоидаҳои бехатарии истифодаи қувваи барқ бартараф гардидааст. Зеро, то ҳанӯз ноқили барқӣ тибқи талабот то бинои сохташуда оварда нашудааст.
Ҳамчунин дар мавзеи вобасташуда барои сохтмони иншоот аз ҷониби  Маҳмудшехов Далер то ҳанӯз иҳота карда нашуда, корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидааст.
Дар баробари ин, гуруҳи корӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагӣ ба фасли зимистон дар иҷрои қарори Раиси шаҳр аз 16 июни соли 2014, №338 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самаобахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» интихобан аз мактаби №2 ва Гимназияи №24 дидан намуд.
Маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии мазкур ситоди зимистонгузаронӣ ташкил карда шуда, нақшаи чорабинӣ таҳия гардидааст.
Дар Гимназияи №24 захираи кофии сӯзишвории ангишт ба ҳаҷми 3 тн ва ҳезум 4 м3 мавҷуд аст. Тирезаҳои мактаб ба пуррагӣ селофанпӯш карда шуда, печҳои бухорӣ бо риояи талаботҳои зиддисӯхтор насб гардидаанд. Ҳамчунин ҳар як синф бо ҳароратсанҷ ва олоти оташхомӯшкунак таъмин шудааст. Бо дастгирии волидайн боми толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои гуруҳи синфҳои ибтидоӣ таъмир гаштаанд.
Дар мактаби №2 бошад, вақти дидани ҳайати корӣ аз амборхонаи мактаб  захираи боқимондаи ангишти солҳои қаблӣ навъи брикет мавҷуд буд. На ҳамаи тирезаҳои мактаб селофанпӯш гардида буданд. То омода гаштани гузориши мазкур назар ба маълумоти директори мактаб қисмати боқимондаи ангишт ба миқдори 1,7 тн навъи БК харидорӣ шудааст.
Масъалаи мазкур ва иҷроиши санадҳои номбурда минбаъд низ таҳти назорат қарор дода мешавад.