(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз, санаи 14 феврали соли 2024 бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ беш аз 20 нафар рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, роҳбарият ва масъулини донишкада иштирок намуданд.
Нахуст, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд Шаҳриёр Саъдуллозода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар соли 2023 ва нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати татбиқи амалии нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон зикр шудааст, маълумот муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз калонтарин муассисаҳои олии вилоят дар шимоли кишвар мебошад, ки дар самти татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат муҳандисони роҳу нақлиёт, барқ, телекоммуникатсия, сохтмон, меъморӣ, барномарезӣ, иқтисодиёт, молия, технологияи маҳсулоти хӯрока, агротехнология мутахассисонро омода мекунад.
Донишкада самти фаъолияти хешро асосан ба татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат равона намуда, дар ин самт мутахассисонро омода месозад.
Таъкид шуд, ки дар чор факултети донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи аз рӯйи 27 ихтисос; дар зинаи бакалавриат шакли таҳсили фосилавӣ аз рӯйи 5 ихтисос ва ҳамчун таҳсилоти дуюм аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи магистратура аз рӯйи 18 ихтисос; дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисонро омода мекунад. Ба 3177 нафар донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 160 нафар омӯзгорон, ки аз ин шумор 6 нафар профессорон, 60 нафар, номзадони илм, дотсентон, 44 нафар омӯзгорони калони бе унвони илмӣ, 33 нафар ассистентон дарс медиҳанд. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 47,1% -ро ташкил медиҳад, ки ба меъёре, ки барои донишкадаҳо (35%) муайян шудааст, мувофиқат мекунад.
Сипас, аз тарафи рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Мирзоаъзам Мақсудов, рӯзномаи “Садои мардум”, Нуъмон Раҷабзода, рӯзномаи “Омӯзгор”, Шаҳбону Олимова, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, Моҳира Раҳимзода рӯзномаи “Сухани халқ”, Фарзонаи Муродӣ, ОИ “Азия плюс”, Фарзона Шамсиева, рӯзномаи “Тоҷикистон”, Абдуҳамид Ҷӯраев, радиои “Замон”, Тахмина Аюбӣ, рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ва дигарон доир ба раванди таълиму тарбия дар донишкада, аз ҷумла таъсиси ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷа ба таҳсил, пойгоҳи таълимӣ ва илмӣ, фаъолияти хобгоҳу парки технологӣ, таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар, иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, дастгирии ятимони кул ва ашхсои маъюбиятдошта ва ғайра суолу пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шаҳриёр Саъдуллозода дар поёни нишасти матбуотӣ, таъкид намуд, ки Донишкада дар оянда низ фаъолияти худро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда, беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, тарбияи шоистаи ҷавонон, тарғиби ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, садоқат ба сарзамину миллат, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, васеъ гардонидани робитаҳои хориҷӣ, таъсиси ихтисосҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ ва ғайра равона хоҳад намуд.