(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №18-и ба номи Садриддин Айнии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба корҳои тарбиявӣ машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.

Дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовинони тарбиявии сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзуҳои “Фарзанди шоистаи Ватан бош”, “Муҳофизони Ватан”, “Тоҷикистон-Ватани азизам”, “Муҳофизи Ватан”, “Ватанро эҳтиёт намоед”, “Тозагӣ-гарави саломатӣ”, “Эҳтироми пиронсолон”, “Сулҳ баҳорест, ки баҳор оварад” ва ғайраҳо гузаронида шуданд. Баъдан машғулиятҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дар ҷараёни машварат масоили дигари рўзмарраи соҳа низ мавриди омўзиш қарор гирифт.
Барномаи тарбиявии ватандўстӣ бахшида ба соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ" таҳти унвони “Ҷавонон-нерӯи созандаи ҷомеа” пешкаши иштирокдорони машварат гардонида шуд.
Хонандагон доир ба нақши ҷавонон, саҳми онҳо дар пешбурди ҷомеаи муосир, ғамхории Давлату Ҳукумат ба ҷавонон гуфтор, шеъру суруд, саҳнаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дошта, муҳтавои суханрониҳояшон саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, он ҳуҷҷати сабзи ормонҳои мардуми тоҷик — яке аз миллатҳои қадимтарини дунё бо таърихи беш аз шашҳазорсола, аз давраҳои бостон соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда мебошанд. Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад, зеро ҷавонон неруи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб мешаванд. Вобаста ба ин зарур аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати неку содиқона ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ неруи тавонову пешбарандаи ҳаёти ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар замири ҷавонон ташаккул додани сифатҳои волои созандагиву бунёдкорӣ як силсила асноди муҳим қабул намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо нигаронида шудаанд.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд