(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt14 – уми феврал Рӯзи байналмилалии эҳдои китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат Маркази китобфурӯшии "ГАНҶИНА", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони И. Сомонӣ 46 тасмим гирифтааст,ки бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии "ҲАДЯИ КИТОБ", санаи 14 феврал барои харидори нахустин - китоберо ба маблағи то 100 сомонӣ тӯҳфа менамояд.
Инчунин тахфифи калонро то 50 % ва барои муштарие, ки зиёда аз 200 сомонӣ китоб мехарад иловатан як китоби "ГУЛИСТОН"-и Шайх Саъдии Шерозӣ тӯҳфа карда мешавад.
Муҳассилини макотиб, хонандагони то синфи 4 метавонанд бе ягон мушкилӣ омада як китоби "АФСОНА" тӯҳфа гиранд.
Марҳамат ба даргоҳи илму маърифат ва ғизои маънавӣ!
ИҚДОМ ТАНҲО ЯК РӮЗ, 14 ФЕВРАЛ ДОИР МЕГАРДАД.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд