(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд мулоқоти прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода бо раисони маҳаллаҳо ва волидайни шахсоне, ки фарзандонашон бо ҷурми экстремизму терроризм айбдор шудаанд ва дар хориҷи кишвар дар кофтукови расмӣ қарор доранд, баргузор гардид.

Нахуст прокурори шаҳр Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Давлат ва ҷомеаи кишвари моро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва эктремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, ба амният ва ҷамъият хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин вабои аср садди пешрафти ҷомеаи мутамаддин гашта, асоси онро хурофотпарастӣ ва исломситезӣ ташкил медиҳад. Терроризм ва экстремизм аз рӯйи оқибатҳои худ, ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, он ба амнияти инсоният, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатҳо хатар эҷод менамояд. Мутаассифона бархе шаҳрвандони мо дидаву дониста ва ё худ гумроҳ шуда, ба ҳаракату гуруҳҳои иртиҷоӣ пайваст шуда, бо ин амал ояндаи худу пайвандонро тира, зиндагиашонро талх намуда истодаанд. Ҳатто бархе дар сафи чунин ташкилотҳо қарор гиифта, дар муҳорибаҳо иштирок намуда, дар мулки бегона ҳалок шуда истодаанд.
Сипас сардори ШВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода доир ба ашхоси бо айби ҷиноятҳои экстремизму терроризм гунаҳкор дониста шудаву алҳол дар кофтукови расмӣ қарор доранд, маълумоти муфассал дод. Таъкид шуд, ки онҳо дар сурати ихтиёран ба Ватан баргаштан ва ба гуноҳи худ иқрор шудан, тибқи қонунҳои пешбинигардида аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
Дар анҷоми мулоқот прокурори шаҳр Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли сиёсати раъиятпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сулҳу амният пойбарҷост. Мардум бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои Истиқлолият зиндагии осудаҳолона доранд. Шумоён низ бо дарки ин маънӣ ва имтиёзу авфҳои пешбинишуда истифода намуда ҳарчи зудтар фарзандони худро ба Ватан баргардонед.
Зикр шуд, ки чунин имтиёз ва бахшиши гуноҳҳои террористону экстремистон дар ягон кишвари дунё пешбинӣ нашудааст.
Иштирокдорони мулоқот, бахусус пайвандони ашхоси дар кофтукови расмӣ қарор дошта, ваъда намуданд, ки барои баргардонидани фарзандҳояш азм хоҳанд намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд