(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНамояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуданд.

Нахуст меҳмонон таҳти роҳбарии Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Белорусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко ва ҳайати ҳамроҳонаш Денис Курленко, муовини Раиси Кумиҷроияи вилояти Минск, Андрей Губкин, сардори равобити хориҷаи Кумитаи иқтисодиёти Кумиҷроияи вилояти Минск, Юлия Машук, директори генералии ширкати “Минбоблмясомолпром”, Игор Горегляд, муовини директори ширкати “Минскоблхлебопродукт”, Сергей Улдинов, директори генаералии хоҷагии муттаҳидаи ҷангали вилояти Минск ва мушовири калони Сафорати Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Генадий Клига бо фаъолияти ҶДММ “Ҷавонӣ” шинос шуданд.
Сипас меҳмонон бо раванди истеҳсолот дар коргоҳҳои ҶДММ "Порсои Хуҷанд" ва ҶДММ "Маҳмудов Г." ки дар бозори истеҳсолӣ бо бренди “Файзи Расул” маъруфият доранд, ошноӣ пайдо намуда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолменамудаи ин коргоҳҳои саноати озуқаворӣ баҳои баланд доданд.
Бояд қайд намуд, ки меҳмононро дар ин сафар муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд