(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муинӣ М. М.» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Ба муаллимаи азиз, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд Мавсума Муинӣ барои рисолати навбатиашон барору музаффариятҳо таманно намуда, дар фаъолияти мақоми олии қонунбарор комёбиҳо орзу менамоем.