(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз озмуни вилоятии "Хомаи созанда-2023" натиҷагирӣ карда шуд ва боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин озмун Зокирҷон Холов, наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд мақоми сеюм, Тахмина Аюбова, хабарнигори рӯзномаи "Тирози ҷаҳон" зинаи дуюм ва нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд-"Тирози ҷаҳон" миёни нашрияҳои шаҳру навоҳии вилоят ҷойи аввалро ба даст овард.

Ба ин муносибат аҳли эҷоди рӯзномаи шаҳрии "Тирози ҷаҳон", хабарнигори ин расона Тахмина Аюбова ва наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Зокирҷон Холовро бо дастоварди беназирашон сидқан табрику таҳният мегӯем.
Ҳамзамон ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои қадршиносии ҳамкасбони арҷмандамон дар озмуни вилоятии "Хомаи созанда" миннатдории самимонаро изҳор менамоем.