(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаи Сирдарё то давраи "Ором" беш аз 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ шинонида шуданд.

Ин иқдом бо ҷалби кормандони КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардида, дар ин рўз аз ҷониби онҳо 60 бех ниҳоли санавбари элдарӣ ва 40 бел ниҳоли каталпа ва ғайраҳо мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агротехникӣ шинонида шуданд.
Бояд қайд намуд, ки масъулини ободонӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ҷиҳати сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози гулзоркунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилал ва ҳамзамон тақвияти корҳо мувазаф гардидаанд.
Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шудаанд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парваришу нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки имрўзҳо дар кўчаву хиёбон ва майдонҳои ҳудуди муассисаву ташкилотҳои шаҳр маъракаи густурдаи ниҳолшинонӣ давом дорад ва то ба имрўз беш аз 800 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шинонида шуданд. То охири мавсим ин адад ба 2500 бех расонида мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд