(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо устодону донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ва фаъолони маҳаллаи Сари баландӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» маълумоти муфассал дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардааст.
Дар ин хусус Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрўз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба кор ва таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷўёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Зикр шуд, ки танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намудаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд, дар ҳоле, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд.
Имрўз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрў гардидаанд.
Дар ҷараёни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ роҷеъ ба дигар муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ибрози андеша намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд