(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд»​ шинос гардид.

Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо лоиҳаи ҷолиб, истифодаи тарҳу услубҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ бунёд гардида, соли 2021 ба истифода дода шуда буд.
Мактаб аз 2 бинои 4-ошёна, 36 синфхонаҳои таълимӣ, синфхонаю ҳуҷраҳои таълиму машғулияти томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори барҳавои маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва толори хониш, толори варзишии пушида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёнияти мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ мучаҳҳаз карда шудааст. Айни замон дар муассисаи таълимӣ 272 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба хонандагон 42 нафар омӯзгор, ки 9 нафари онҳо аз Британияи Кабир ва дигар давлатҳо мебошанд, дарс мегӯянд.​
Дар мактаб барои хонандагоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо таҳсил доранд, хобгоҳ низ ташкил шуда, барои таълиму тарбияи шогирдон тамоми шароити замони муосир мавҷуд аст.
Раиси вилоят ба ҳайати устодону омӯзгорони мактаб барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ тавсияҳо дод.
Сипас, Раиси вилоят сокини 92 солаи шаҳр Зафар Умаров ва собиқадори меҳнат​ Тоҳирҷон Умаровро аёдат карда, ба онҳо саломативу хушиҳои рузгорро таманно кард.