(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти​ сохтмони корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Сирдарё» шинос гардид.

Корхонаи равғанбарорӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он ҳаҷми истеҳсоли равған зиёд карда мешавад. Тавре мушоҳида шуд, айни замон 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, барои роҳандозии истеҳсолот техналогияҳои замонавӣ аз Олмону Туркия ва Чин ворид карда шудааст.
Тибқи лоиҳа дар корхона зиёда аз 100 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд шуд ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ таъмин мешавад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Бунёди чунин корхонаҳо имкон медиҳад, ки бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин шавад. Соли 2023 дар корхонаҳои саноатии вилоят​ 5,5 ҳазор тонна равған истеҳсол шудааст ва дар назар аст, ки бо ифтитоҳи корхонаи нав истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёбад.
Дар идома роҳбари вилоят дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Махкамов» шинос гардид. Дар ин коргоҳ, ки 20 нафар занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд,​ офтобпараст бо бренди «Супер» банду баст мешавад, ки дар бозор серхаридор аст. Маҳсулоти коркардшуда дар ҳаҷму андозаи гунногун аз 15 то 110 грам омода ва бозор бароварда мешавад. Ашёи хом тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли Чину Туркия ва Украина дар чанд марҳила шуста, хушку коркард ва банду баст мегардад.
Раиси вилоят ба фаъолияти коргоҳ баҳои баланд дода, барои ободу хуррамгардонии ҳудуди корхона ба масъулин тавсияҳо дод.