(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, пешгирии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бо иштироки наврасон, вазнинии оқибатҳои онҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва тарғиби корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаи ҳаракат дар роҳ дар гимназияи хусусии “Ганҷ”-и шаҳри Хуҷанд машғулияти кушоди "Чароғаки раҳнамо”" барои хонандагони синфи 1-и таълимаш забони русӣ аз ҷониби омӯзгор Мусаллама Каримова гузаронида шуд.

Дарси амалӣ бо истифода аз усули фаъоли таълим бо унсурҳои ҳаракати роҳ гузаронида шуд. Наврасон амалан дар идоракунии қоидаҳои ҳаракати роҳ иштирок намуданд. Аз ҷониби омӯзгор дар бораи чароғаки раҳнамо, аломатҳои роҳ, пиёдагард, ёрии аввалини тиббӣ ва ғайра маълумоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон дар ин муассисаи таълимӣ дарси намунавӣ аз фанни математика барои хонандагони синфи 1 таълимаш бо забони тоҷикӣ дар мавзуъи “Зарб ва тарҳи адади 5” баргузор гардид. Дарс аз тарафи омӯзгори соҳибтаҷриба Манзура Турсунова бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ҷолиб гузаронида шуд.
Машғулиятҳо аз ҷониби муассис, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва волидони хонандагон мушоҳида ва баррасӣ карда шуд.
Таъкид шуд, ки ташкили чунин дарсҳои намунавӣ барои баланд бардоштани таълиму тарбия ва шавқмандии хонандагон ба машғулиятҳо муосидат хоҳад намуд.