(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндагони мақомоти прокуратура ва амнияти миллӣ бо сокинони маҳаллаҳои Суғдиён, Сирдарё ва Сайҳуни шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Муҳтавои асосиии мулоқотро пешгирии шомилшавии шаҳрвандонба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар масоили рӯзмарра ташкил намуд.
Мулоқотро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузор намудани онро шарҳ дод.
Сипас, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд Наим Тоҷизода баромада карда, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз ифротгароӣ ва иртиҷоъпарастӣ воқеан ҳам ба амнияти миллӣ метавонанд таҳдид кунанд ва зикр кардан ба маврид аст, ки қонун бояд дар масъалаҳои муҷозоту масъулият ва ҷавобгарӣ барои амалҳои ифротгароёна, иртиҷоъпарастона ва ҳаросафканона шадидтар амалӣ гардонида шавад.
То имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон расман фаъолияти чунин ташкилотҳои ҳаросафкан, ифротгаро ва иртиҷопараст манъ карда шудаанд. Аз ҷумла: “Ҳизби терррористии наҳзати ислом” "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии «Ӯзбекистон», "Ҷамоати Таблиғ", "Толибон", "Тоҷикистони озод", "Ҳизб-ут-Таҳрир", ҳаракати "Салафия", ҳамчунин созмони "Шоҳидони Яҳё".
Бо назардошти ин ба сифати шартҳои асосии паҳншавии иртиҷоъпарастӣ рахна кардани шуурнокии баъзе ҷавонон, бесаводию камсаводии динӣ, ноогоҳ ва бехабар будан аз усул ва рукнҳои асосии мазҳаби ҳанафия ва чанде дигар мебошанд. Мо ва рукнҳои алоҳидаи давлатро ба мақсад мувофиқа аст, ки зимни татбиқи омӯзишу парвариши насли наврас маърифати ҳуқуқию шаҳрвандиро таҳкиму тақвият диҳем.
Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки дар бораи зарурати баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои ифротгароёна чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Ба назар чунин мерасад, ки пеш аз ҳама дар самти фаъолияти онҳо афзалияти ташкили чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шуда, амалиётҳои пешгирии зуҳуроту падидаҳои манфӣ пурзӯртар карда шаванд, то ин ки чунин амалҳои номатлуб замони пайдоиши ибтидоиашон маҳв карда шаванд.
Танҳо ҳамоҳангии фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа дар маҷмӯъ бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ метавонад дар ин кор самраҳои хубтар ба бор орад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм борҳо дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардидааст, ки мо бояд алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи муштарак дошта бошем. Дар ин робита Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, ки “террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд».
Дарвоқеъ, гуфтаҳои боло тақвият медиҳанд, ки худи маънои «терроризм» «тарс», «ваҳм» буда, он дар Шарқ ба маънои «даҳшатафканӣ» истифода мешавад, вале дар ин бора то ҳанӯз қоидаи умумие вуҷуд надорад. Ин аст, ки террор шакли махсуси зӯроварии сиёсие дониста мешавад, ки бераҳмӣ, ҳадафмандона истифода бурдани он ва гӯё самаранок будани он хоси ин зуҳурот мебошанд. Мафҳуми «экстремизм» маънои «канорӣ» дорад ва дар сиёсат экстремист нафареро меноманд, ки аз андеша ва амалҳои канорӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Сипас намояндаи шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд баромад карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки экстремизми сиёсӣ ва терроризм зуҳуроте мебошанд, ки асосҳои гуманистии ҷомеаро барҳам мезананд. Бо мақсади коркарди механизмҳои мубориза бо ин зуҳурот, ҷиҳати дақиқ муайян намудани ҳолати таълиму тарбия муқовиматро нисбат ба терроризм зери назорат гирифта, тавассути барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар ин самт тадбирҳои мушаххас бояд андешида шаванд.
Хулоса, экстремизм ва терроризм ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқагузорӣ мебошанд. Инсоният аллакай таҷрибаи муқовимат бо чунин идеологияро пайдо намуда истода, хусусияти дастҷамъона доштани онро тақвият мебахшад. Вале мутаассифона, баъзе неруҳои манфиатдор ба қувват гирифтани идеологияҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, аз ҷумла террористӣ мусоидат намуда, онҳоро ҳимоя мекунанд ва бо ин амали хеш хатарҳои ҷиддии эҳтимолиро сари инсоният ба бор меоранд. Аз ин рӯ, шинохти идеологияи экстремистию террористӣ ва муқовимат ба он барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти кишвар ва таҳкими давлатдорӣ муҳиммияти хосса дорад.
Мулоқот бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд