(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз руйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 нишасти матбуотии шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни сухани муқаддамавии худ аз дастовардҳои муҳими шаҳрдорӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2023 бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзунро амалӣ намуда, дар партави истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилона ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои бетаъхир андешида, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳою иқтидорҳо самаранок истифода бурда истодааст.
Зикр гардид, ки шаҳри Хуҷанд ҳамчун шаҳри саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда ҳиссаи арзанда мегузорад. Чораҳои амалигашта сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомада имкон дод, ки дар ин давра барои рушди иқтидори соҳа 62 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 352 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 32 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 267 адад расонида шуд.Инчунин барои зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, ҷиҳати тақвияти ин соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 910 миллиону 45,6 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 209,4 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, аз ин миқдор мувофиқи 23 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 442,4 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 102,8 фоиз ё 12,2 млн. сомонӣ зиёдро ташкил дода, барои рушди ин соҳаи реалии иқтисдиёт заминаи устувор гузошта истодааст. Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар соли 2023 аз ҷониби 108 адад чунин корхонаҳои хурду калон ба маблағи 812,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 64 млн. сомонӣ ё 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Инчунин бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои аз сатҳи соли пешина зиёд маҳсулот истеҳсол карда 58 адад ё 38,9 фоиз зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 207 адад расидааст. Дар ин давра истеҳсоли номгўи маҳсулотҳо низ, 24 намуд зиёд шуда, то ба 186 намуд расида, аз шумораи умумӣ 134 номгўи маҳсулотҳо нисбат ба соли 2022 зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст. Дар масъалаҳои шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар расида, бояд қайд намуд, ки шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 159 нафар ё 3,4 фоиз зиёд шуда, музди маоши миёнаи кормандони соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 124,5 сомонӣ ё 7,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки тақвияти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ имкон дод, ки дар соли ҳисоботӣ нақшаи буҷети шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети умумии шаҳр ба андозаи зиёда аз 110,7 фоиз ё худ 659,5 миллион сомонӣ таъмин гардидааст. Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 273,5 миллион сомонии пешбинигардида, 293,1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки он дар муқоиса бо нақшаи пешбинигардида ба маблағи 19,6 миллион сомонӣ ё 7,2 дар сад зиёд мебошад.Қисми хароҷоти буҷети шаҳр бо назардошти тағйиру иловаҳояш 98,3 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ бахусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 203,9 миллион сомонӣ ё 71,9 фоиз маблағҳои харҷгардидаи буҷети маҳаллӣ равона карда шудааст.
Раиси шаҳр гуфт, ки ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ тақвияти рўзафзун дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имкониятҳову захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки соли 2023 дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 15 адад иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла: корхонаи истеҳсолии халтаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азия Политекс”, корхонаи истеҳсолии маҳсулоти полиграфӣ ва коркарди коғазҳо ҶДММ “Папирус”, корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанин ҶДММ “Сохтмони Кабир”, ҶДММ “Фаровон” бо иқтидори истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ ва ҶДММ “Тоҷсохтмон” бо иқтидори 250 метри мукааб бетон дар як шабонарўз, ҶДММ “Шишакор” бо иқтидори истеҳсолии коркарди 8,0 ҳазор метри мураббаъ шиша, коргоҳи истеҳсоли курсиҳои нарми “Арча” дар назди ҶДММ “Фортуна ва компания”, ки бо истеҳсоли зиёда аз 100 номгўи курсиҳои нарм ва мебелҳои махсуси чўбин, 2 бинои истиқоматии баландошёна бо Маркази савдои бузург, Маркази ташхисию табобатии муосири “Дастаи дил”, бинои 4-ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Юсуф Исҳоқӣ барои 700 донишҷўй, мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, маркази ташхисию табобатии дандонпизишкӣ, мағозаи фирмавии ҶДММ “Хонаи ман”, бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, иборат аз 7 ошёна, Маркази ташхисию табобатии “Аксон”-и ҶДММ “Наргис” дар ҳудуди Беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва Маркази тибби байналмиллалии “Мармед” иборат аз 6 ошёна иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Бо мақсади пешвози сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, то имрўз аз 406 адад иншоот бунёд, азнавсозӣ ва таҷдид карда шуд. Аз онҳо: 39 адад иншоот дар соҳаи маориф, 45 адад иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 32 адад иншоот дар соҳаи варзиш, 109 адад иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 29 адад бинои истиқоматӣ, 103 адад иншоот дар соҳаи саноат, 3 адад бинои маъмурӣ, 1 адад иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ ва 45 иншоот дар дигар соҳаҳо бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Сипас ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Мадина Поччоева, рӯзноманигори мустақил, Алишер Охунов, ОИ “Сугднюс”, Қамари Аҳрор, ОИ “Спутник”, Манзура Бахтиёрзода, ШТР “СМ-1”, Фарзон Муҳаммадӣ, радиои “Озодӣ”, Ӯрунбой Усмонов, рӯзномаи “Халқ овозӣ”, Фарзона Муродӣ, ОИ “Азия плюс””, Раъно Муҳаммадова маҷаллаи “Кайҳон”, Суҳайлӣ Шарифзода, радиои “Тоҷикистон”, Афзал Босолиев ШТР Азия”, Сурайё Ҳакимова, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, Фарзона Шамсиева, рӯзномаи “Тоҷикистон”, Нуъмон Раҷабзод, рӯзномаи “Омӯзгор”, Ленура Мустафаева, рӯзномаи “Согдийская правда”, Абдурашид Ҷумъаев ТВ “Варзиш” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла, бунёди мактабу кӯдакистон ва майдончаҳои варзишӣ, хизматрасонии коммуналӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, тадбирҳои ободонӣ, фаъолияти муназзами нақлиёти мусофиркаш, ободонии маҳаллаҳо, рушди сайёҳӣ, шуғлнокии мардум ба варзиш, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ, тадбирҳои 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, қадршиносии хонандагон ва омӯзгорони пешқадам ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.
Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов низ ширкат дошт.
Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.


Маъмури Юсуфзод,
роҳбари дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд