(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСоли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид. Ин нукта имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Гуфта шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксолию камобии солҳои охир дар минтақа ва бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор гардид.
«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Таъкид шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардид.