(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид ва он тариқи тамоми шабакаҳои телевиимонӣ мустақиман пахш карда шуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд- кормандони касбу кори гуногун сарҷамъона тамошо карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 фоиз дар соли 2023 паст гардид.
Ҳамчунин Пешвои миллат зарур шумориданд, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самаранок суръати рушди иқтисоди миллиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, дар соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017 1,6 фоиз баробар афзоиш ёфтааст.
«Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати 3 Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем», — иброз гардид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.
«Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд», — тазаккур доданд Президенти мамлакат.
Соли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид. Гуфта шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксолию камобии солҳои охир дар минтақа ва бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор гардид.
«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд», — тазаккур доданд Сарвари давлат. Таъкид шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардид. Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардад.
Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд гардад.
Инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардад.
Инчунин аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.
Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар охири Паём Рохбари Давлат таъкид намуданд, ки пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд. Ва танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд