(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ№15-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби омӯзгори фанни ҳуқуқи инсон Иноятхон Юсупова дар синфи 11 машғулияти кушод дар мавзуъи “Масъалаи зӯроварӣ нисбати занон “ баргузор гардид.

Машғулият бо истифода аз аёнияти таълимӣ, бо усулҳои муосир ва ҷолиби таваҷҷуҳ пешниҳод карда шуд.
Таъкид гардид, ки бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст. Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида, дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар ҷараёни машғулият ҳамзамон оид ба нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ, сабаб ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти мамлакат, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила- омили устувории оилаҳои ҷавон, нақши занон дар рушди илм ва инноватсия, саҳми занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайра мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дарси кушод аз ҷониби мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Раъно Набиҷонова, маъмурияти МТМУ №15 ва омӯзгорон мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ гардид.