(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шанбегии умумишаҳрӣ: Баҳри ободиву сабзкорӣБо ҳадафи ободу зебо намудани Хуҷанди бостону ҳамешаҷавон дар доираи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ, ҳамзамон, озмуни «Маҳалли беҳтарин» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шанбеи гузашта, 6-уми апрели соли равон бо иштироки ҳазорон нафар шаҳрвандон, сокинони маҳаллаву қитъаҳои ба истифодадиҳӣ, кормандони корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ ва нигаҳдории тандурустӣ, устодону толибилмони мактабҳои миёнаву олии шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Он таҳти шиори «Хуҷандро хуррамшаҳр мегардонем!» сурат гирифт ва ҳамон тавре Раиси ситоди шанбегӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон Иброҳимов зикр намуд, беш аз 17 ҳазор нафар ба шанбегӣ баромада, дар ободониву сабзкории маҳаллаву қитъаҳо, кӯчаву хиёбонҳо, корхонаву муассисаҳо саҳми хешро гузоштанд.

Дар ин рӯз аз ҷониби шаҳрвандон 1160 бех ниҳол, бахусус, 875 бех ниҳоли дарахтони сояафкан ва 285 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ҳамзамон, 2895 дона гулҳои ороишӣ, 1365 дона қаламча шинонида шуданд.

Майдони кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ 3 ҳазору 767 метри мураббаъро ташкил намуда, 37 ҳазору 962 метри мукааб ҷӯйборҳо аз партов тоза карда шуданд, ки дар натиҷа 62 тонна партов бардошта шуда, маҳаллу кӯча ва майдонҳо ободу зебо гардиданд.

Дуруст гуфтаанд: «тозагӣ гарави саломатист», з-ин рӯ, шаҳрвандонро мебояд аз хонаву кӯчаи хеш оғоз карда, то маҳаллаву қитъаи баистифодадиҳӣ ва корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо, яъне ҷойи кори худро ҳамеша тозаву ободу зебо нигоҳ доранд, ки ин ҳам василаи беҳтарини тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи зебопарастӣ ва ободгароӣ маҳсуб мешавад.

Танҳо бо ин роҳ метавон Хуҷандро воқеан, ба хуррамшаҳр табдил дод.