(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Муҳтарам кормандони соҳаи таъминоти барқ!

Санаи 22-юми декабр дар саросари кишвари азизамон Рузи энергетика таҷлил карда мешавад. Тамоми кормандони шабакаҳои барқтаъминкунӣ, собиқадорони соҳаи энергетика ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ-Рўзи энергетикҳо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон баҳри таъмини эҳтиёҷоти мардум бо барқ барору комёбиҳои беназирро орзу мекунам.

Бояд зикр намуд, ки дар замони муосир энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст, ки бидуни он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро ба инобат гирифта ба даст овардани истиқлолияти энергитикаи мамалакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд ва барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетики тамоми тадбирҳои судмандро меандешад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр кардаанд: «Бо назардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо низ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардем».

Воқеан ҳам, энергетика заруртарин омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни он пешрафти ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рузгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Фаромуш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истехсоли барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноати низ зиёд шуда, талабот ба нерўи барқ торафт меафзояд.

Аз ин хотир, масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, равшании ҳар хонадон, ободонию чароғонкунии шаҳру диёр, равнақи ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бағоят бузург аст.

Итминони комил дорем, ки кормандону алоқамандони соҳаи ҳаётан муҳим низ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд мебардоранд ва дар рушду пешрафти соҳа ҳиссаи арзанда гузошта, ҷашни бузурги миллат 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Бори дигар, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳар яки Шумо кулли алоқамандони соҳаро табрик намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ, дар амалӣ намудани иқдомҳои шоистаи ватандўстона ва дар корҳои созандагиву ободкорӣ муваффақиятҳо хоҳонам.

Иди касбӣ муборак бошад!