(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ№22-и ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ бахшидаба 110 солагии Арбоби давлатӣ 110 солагии Ҷаббор Расулов баргузор гардид.

Конфронсро директори муассисаи таълимӣ Сурайё Каримӣ ҳусни оғоз намуда, таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ба хидматҳои Арбобони давлатӣ шахсони номвар ҳамеша дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Сипас роҳбари осорхонаи ба номи Ҷаббор Расулови МТМУ№22 Матлуба Юсупова дар бораи Ходими намоёни ҳизбию давлатӣ ва ҷамъиятӣ-Ҷаббор Расулов маълумот дод.
Таъкид гардид, ки Ҷаббор Расулов дар тӯли беш аз 20 сол роҳбарии ҷумҳуриро ба уҳда дошт ва метавон ин даврарояке аз давраҳои муҳими таърихии рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маърифат ва фарҳанги ҷумҳурӣ номид.
Дар давраи роҳбарии Ҷаббор Расулов дар радифи дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, соҳаҳои фарҳангу маориф низ рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Дар ҳаёти маънавии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Тафаккури фарҳангии мардум такмил ёфта, заминаи таълимию моддии маорифи халқ беҳтар гардид, илм ва санъат бештар ривоҷ ёфтанд. Муассисаҳои фархангӣ, табъу нашр, театриву консертии ҷумҳурӣ ба комёбиҳои назаррас соҳиб шуданд. Эҷодкорону намояндагони санъату ҳунари ҷумҳурӣ фарҳанги миллии тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ карданд.
Дар тамоми фаъолияти ҳизб ва ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати собитқадамонаи иқтисодӣ ва ҳалли масоили мубрами иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки барои рушду нумуи некуаҳволии халқ ва баланд гардидани сатҳи маънавии он нигаронида шуда буд, мутобикан пеш бурда мешуд.
Рушду нумуи санъати театр ва кинои точик низ ба фаъолияти роҳбарии Ҷаббор Расулович алоқамандӣ дорад. Ба рӯи саҳна омадани филмҳои нотакрори кинорежиссёри машҳури тоҷик Борис Кимёгаров «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб» ва «Достони Сиёвуш» ин худ як навъи инқилоб дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон буду ҳаст.
Дар тӯли фаъолияти сиёсатмадорияш Ҷаббор Расулов ба таҷлили ҷашну маросимҳои симоҳои машҳури илму адаб ва фарҳангу санъати тоҷик таваҷҷуҳи зиёд зохир карда, барои дар сатҳи баланд созмон додани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешид. Бо қарори ЮНЕСКО баргузор шудани ҷашнҳои 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ (с.1978) ва 1000 -солагии Абуалӣ ибни Сино (с.1981) баҳри собит сохтани волоияти тамаддуну фарҳанг, илму адаби миллат ва ба ин васила боло бурдани обрӯ, нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллӣ мусоидат карданд.
Ҷаббор Расулов барои пойдор намудани дӯстии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инкишофи робитаҳои мутақобилаи фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо хизмати бузурге кардааст.
Ҷаббор Расулов ҳамчун роҳбари кордон, шахси дурандеш ва соҳибмаърифат кӯшиш мекард, ки ягон паҳлуи ҳаёти мардум аз мадди назар дур намонад. Ӯ хуб мефаҳмид, ки фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад. Худ, ки шахси хирадманд буд, ба қадри илму дониш ва сарчашмаи хирад, яъне китоб мерасид.
Сипас дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҷаббор Расулов саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон шеъру тарона дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Пешвои миллат қироат гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Иброҳим Ҷабборов, намояндагони шуъбаи марифи шаҳр Дилфуза Ғафурова ва М. Набиҷонова иштирок ва суханронӣ намуданд.