12 Декабрь 2023
Дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба баскетбол байни дастаҳои духтаронаи муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад.