(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба​ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” ташриф оварда, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар ин​ корхонаи маъруф шинос гардид.

Раиси вилоят аснои боздид роҳбарият ва кормандони​ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд”-ро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ширкат табрик гуфта, қайд намуд, ки​ бо роҳбариии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон соҳаи саноат рушд карда, сатҳи зиндагии мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд беҳтар гардида истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мунтазам зиёд гардида, соҳибкорӣ рушд кард ва дар ин замина садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд, ки ин ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбат расонид, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.​

Дар рушди соҳаи саноат саҳми соҳибкорони муваффақ назаррас буда, бо талошу саҳмгирии онҳо ҳамасола даҳҳо корхонаҳои нав бунёд мегардад. Фаъолияти муназзами корхонаҳо барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар шудани вазъи соҳа мусоидат менамояд.​

Яке аз чунин корхонаҳои муваффақ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” аст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул мебошад ва бо ​ тамғаи «Молочная радость» ба бозор роҳ ёфтааст. Корхонаи мазкур самараи даврони соҳибистиқлолӣ буда, он ​ солҳои охир таҷдиду азнавсозӣ карда шуд.

Тибқи иттилои мутахассисон сифати тамоми маҳсулоти ширии дар корхона истеҳсолшаванда дар озмоишгоҳ санҷида шуда, дар зарфҳои сохти худии коргоҳ бандубаст карда мешавад. Маҳз сифат ва банду басти замонавии маҳсулот аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ғолиб гардидааст.

Имрӯз корхона зиёда аз 25 намуди маҳсулоти ширии баландсифат, ба монанди ҷурғот, йогуртҳои гуногун,​ панири ҳоландӣ, равғани маска, творог, хамираи творог, ширқиём, қаймоқ ​ истеҳсол мекунад ва маҳсулоти корхона дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсоя савдо мешавад.

Инчунин маҳсулоте, ки аз тарафи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” ба истеъмолкунандагон бо тамғаҳои “Бомазза”, “Офарин” ва “Роҳати чон” пешниҳод карда мешавад, харидорони сершумор дорад.

Раиси вилоят ба​ роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Суғд” дастур дод,​ ки ҷиҳати амалисозии иқдомҳои наву созанда, боз ҳам васеъ намудани доираи фаъолият, ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чораҳои заруриро амалӣ намоянд.