(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёд ва азнавсозии як қатор корхонаҳои саноатӣ шинос гардид.

Зимни шиносоӣ бо васлу насби таҷҳизоти муосир дар ҶДММ «Суғдтекстайлз»​ (собиқ корхонаи​ «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») таъкид карда шуд, ки корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, азнав фаъол карда хоҳад шуд.​

Корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ азнавсозӣ мешавад, бо таҷҳизоту технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода мешавад ва то 3500 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Муассисон тасмим доранд, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монанд.​

Дар идома роҳбари вилоят рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи равғанбарории ҶДММ "Сирдарё", коргоҳи коркарди меваву сабзавоти ҶДММ "Доро инвест" ва ҶДММ "Таҷпроф" -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Таъкид карда шуд, ки бунёду модернизатсияи корхонаҳо бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат амалӣ шуда истодааст. Дар вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ин роҳ беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.