(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар қисми низомӣ.

Бахшида ба 20 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низоми 3501 Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Раиси шаҳри Хуҷанд тамоми афсарону сарбозони ин қисми низомиро бо иди Сарқонуни кишвар самимона табрик намуда, барои адои хизмати содиқона ва ҳимояи манфиату давлат барору комёбӣ таманно намуд. Аз ҷумла Раиси шаҳри Хуҷанд қайд намуд, ки «Муҳокима ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти Ҷаноби Олӣ дар ҳайси Сарвари давлат - аз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд. Сарвари тозаинтихоби давлат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия баромад намуда, мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қотеъона эълон намуданд, ки ин андеша дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар инъикос ёфта, роҳи минбаъдаи рушду такомули давлатдории навини тоҷиконро муайян намуд.»
Хизматчиёни ҳарбӣ ба ифтихори меҳмонони чорабинӣ аз назди минбар бо қадамзании низомӣ гузаштанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин аз шароити зист ва хизмати ҳарбиён дидан намуд.
Ба муносибати ин санаи хотирмон дар қисми низомии номбурда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони идона ороста шуда, барномаи консертӣ  пешкаш карда шуд.