(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сардори Раёсати омори шаҳри Хуҷанд иваз карда шуд.Дар мувофиқа бо Раиси шаҳри Хуҷанд ва фармони Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа сардори идораи мазкур дар шаҳри Хуҷанд Марҳабо Саидова тайин карда шуд.
Вобаста ба ин масъала Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муним Холиқов ва ҳайати кормандони ин ниҳодро ба ҳузур пазируфт.
Муним Холиқов фармони аз вазифаи роҳбари Раёсати Агентии омор дар шаҳри Хуҷанд озод намудани Аҳмад Ғозиевро қироат намуда, иттилоъ дод,ки дар асоси фармони дигар Марҳабо Саидова ба ин вазифа тайин карда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода барои фаъолияти пурсамари  бистсолаи  Аҳмад Ғозиев  изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид намуд, таҷрибаи корӣ ва фаъолияти пурсамари мавсуф мавриди омӯзиши мутахассисони ҷавон хоҳад буд.
Ба Аҳмад Ғозиев номаи сипос ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.