(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи он бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва муассисаву ташкилотҳо дар қадди роҳҳо, боғу гулгаштҳо, роҳравҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва соҳили дарёи Сир корҳои тозакунию сабзкорӣ сурат гирифт.

Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, барои мавсими навбатии ниҳолшинонӣ замина муҳайё карда шуд.

Тавре маълум аст, ободу зебо сохтани ҳар гӯшаи диёр ва сарсабз намудани хонаву коргоҳ тадбирҳое мебошанд, ки аз шаҳрвандон масъулияти баланд ва ватандӯстии амиқ талаб менамоянд.

Ҳамин аст, ки аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби ризокорон пайваста ободкориҳо амалӣ мегарданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд