(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt13 октябри соли 2023 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид, ки дар он​ Раиси вилояти Суғд​ Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва намояндагони Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини камарбандии Тоҷикистон, варзишгарони кишварҳои гуногун иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ варзишгарон - парчамбардорони Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмононро аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Руминия, Гурҷистон, Муғулистон, Беларус, Ҳиндустон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия, Замбия, Колумбия, Нигерия, Миср, Молдова, Украина ва Марокаш хайрамақдам гуфта, ба варзишгарон дастоварду муваффақиятҳои шоиста таманно намуд.​
Таъкид карда шуд, ки бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба мустаҳкам намудани ​ базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди соҳаи варзиш як силсила қарор ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш шароитҳои заруриро фароҳам меоварад.
Таъсиси Стипендияи Раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарону мураббиён, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакат, баргузории мусобиқаҳои вилоятию минтақавӣ ва маҳаллӣ, таъмини иштироки дастаҳои мунтахаби вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ шаҳодати татбиқи бомароми санадҳои зикршуда​ ба шумор мераванд.
Бояд гуфт, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Федератсияи байналмилалии гўштини камарбандӣ аз санаи 12 то 15 октябри соли 2023 чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини камарбандӣ байни ҷавонони аз 18 то 20 сола бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 21 давлати хориҷа баргузор шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот супорида мешавад.
Мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома меёбад ва 14 октябр ғолибон муайян карда мешаванд.