(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мумфаршкунӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.Бо истифода аз ҳавои мусоид роҳсозон мумфаршкунии кӯчаҳоро идома медиҳанд.
Имрӯз боз як кӯчаи маҳаллаи «Навбаҳор» аз таъмири куллӣ бароварда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз рафти асфалтхобонӣ барои сари вакт ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои таъмири роҳ таъмир дастур дод.
Аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода зикр карда шуд,ки барномаи «Соли 2014- соли роҳҳои обод» ,ки бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ қабул гардидааст, дар маркази вилоят бо истифодаи тамоми имконияту захираҳои мавҷуда амалӣ мегардад. Дар баробари дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибкорони маҳаллӣ,саховатмандон ва сокинон низ дар ин  амали хайр саҳми арзандаи худро мегузоранд. Роҳсозони ҶДММ «Хуҷандроҳ» давоми як рӯз зиёда аз 150 метр роҳи маҳаллаи мазкурро аз таъмири хушсифат бароварданианд.
Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози сол то имрӯз зиёда аз 90 километри роҳи шаҳр аз таъмир бароварда шудаанд, ки наздик 40 километри он таъмири куллиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии корҳои ба сомонрасондашуда зиёда аз 2 ҳазор метрии муррабаъро ташкил медиҳад.