(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии раиси Шӯро - прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода бо иштироки аъзои Шӯро, муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд, кормандони масъули Нозироти андоз, идораву ташкилоти марбутаи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар Шӯро натиҷаи ҷамъбасти санҷиши ҳолати дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ ва кам кардани бақияи андоз, ситонидани қарзҳои андозии корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, бахусус қарзҳои мушкилситон дар давраи соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешавад.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ вобаста ба талаби замон пайваста ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд, то ки кишвари маҳбубамон пайваста рушд кунад ва барои мардум зиндагии шоиста таъмин гардад.

Давлати мо сол ба сол пеш рафта истодааст ва яке аз кишварҳои рӯ ба тараққии олам эътироф шудааст, ҳамзамон зарурати дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ба миён омадааст ва танҳо иҷрои сифатноки уҳдадориҳои хизматӣ, садоқат ба кору Ватан моро ба мақсад мерасонад.

Сипас, сардори нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Мирзоев ва ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Носирҷон Оқилзода доир ба мавзуъи баррасишуда ахбороти муфассал доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи андозҳо дар шаҳри Хуҷанд соли 2022 – 697 млн 901997 сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет воқеан 714 млн 648 401 сомонӣ ворид карда шудааст, ки иҷрои он 102,4 фоиз таъмин гардида, нисбат ба нақша 16 млн 746 404 сомонӣ изофа мебошад.

Дар давраи соли 2023 751 млн 534000 сомонӣ ва 8 моҳи соли 2023 556 млн 121000 сомонӣ пешбинӣ шуда, амалан 598 млн 747 ҳазор сомонӣ ё худ 107,7% иҷро шуда, 42 млн 626015 сомонӣ барзиёд ворид шудааст.

Новобаста аз таъмин гардидани нақшаи воридоти маблағи андозҳо ба буҷети давлатӣ камбудӣ ва мушкилотҳо боқӣ мондаанд, ки бартараф намудани онҳо ба беҳтар гардидани вазъи молиявию иқтисодии шаҳр мусоидат менамояд. Ҳарчанд яке аз сарчашмаҳои асосии иҷрои нақшаи андозҳо аз ҳисоби саривақт ситонидани бақияи қарзи андози субъектони хоҷагидор бошад ҳам, аммо маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки кор дар ин самт беҳбудиро тақозо менамояд. Мақомоти андози шаҳри Хуҷанд бо мақсади рўёнидани бақияи қарзи андозҳо барои пардохти 25 млн 753 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 2160 огоҳинома ирсол кардааст. Аз тарафи андозсупорандагони қарздор баъди гирифтани огоҳинома ба маблағи 13 млн 132 ҳазор сомонӣ қарзи андоз пардохт карда шудааст.

Барои иҷро накардани талаботи моддаҳои 133-135 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ нисбати 2160 андоз-супорандаи қарздор оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 9 млн 334 ҳазор сомонӣ 297 адад қарорҳо қабул гардида, иҷроиши 80 адад қарорҳо ба маблағи 3 млн 684 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст.

Дар баробари ин соли 2022 аз ҷониби Нозироти андоз нисбати андозсупорандагоне, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додаанд, 438 адад протоколҳои ҳуқувайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 942358 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз он ҳамагӣ маблағи 565414 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки 60%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни баррасии мазкур аъзои Шӯро ва шахсони даъватгардида иштирок ва ибрози андеша намуданд.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода аз роҳбарият ва мудирони шуъбаҳои дахлдори нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд пурсиш ба амал оварда, роҷеъ ба мушкилоти муаммоҳои ҷойдоштаи соҳа изҳори андешаронӣ намуд. Таъкид шуд, ки омилҳои маъмурикунии андоз, дарёфти манбаъҳои аз қайди расмӣ дурмонда, таҳлили амиқи фаъолияти андозсупорандагон, ҳамкории зич бо сохторҳои марбута, пурра ба қайд гирифтани андозҳои супоридашуда дар сатҳи паст қарор дошта, он барои пурраю сифатнок иҷро шудани буҷети давлатӣ монеъгиҳо эҷод намуда истодааст. Масъулинро зарур аст, ки барои кам кардани ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо бо истифода аз ваколатҳои андозситонӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Прокурори шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯро натиҷагирӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки фаъолияти хешро дар асоси талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, аз имконоту имтиёзҳои муҳайё намудани Давлату Ҳукумат сўйистифода накунанд. Бо дасту дили пок, бидуни пинҳоннамоии андозҳо фаъолияташонро шаффоф нишон диҳанд ва ба пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми шоиста гузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд