(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШоми имрӯз дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, паҳлӯи чойхонаи "Сирдарё" мағозаи фурӯши мебели ширкати ”Алмаз”-и Русия бо бренди маъруфи “Любимый дом” (Хонаи дӯстдоштаи ман) ба фаъолият расман оғоз намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мағозаи мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Манзура Бурҳонова таъсис дода шуда, ҷиҳози хона мустақиман аз фабрикаи ширкати “Алмаз”-и Федератсияи Русия дастрас карда мешавад. Дар мағоза беш аз 30 номгӯи ҷиҳози хона, мувофиқ ба талаботи замон ва бо нархҳои дастрас пешниҳод гардидааст.
Ба муносибати расмикушоди мағоза фурӯши молҳои ба андозаи 30 фисади тахфиф пешбинӣ гардидааст, ки то охири сол он идома меёбад. Ҷиҳози хона барои кӯдакон, наврасон, ҷавонон, толори хона, меҳмонхона, хонаи хоб ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.
Харидорон метавонанд бо завқ ва талаботи хеш ҷиҳози хонаро фармоиш диҳанд ва ширкати “Алмаз” онро сохта, ба воситаи мағозаи диллерии “Любимый дом” дастрас менамояд.
Мизоҷоне, ки аз ин мағозаи “Любимый дом” мебел мехаранд, имкон доранд аз васлу пайваст, дастраскунӣ ва кафолати сифати онро бархӯрдор гарданд. Ин имтиёзу хизматрасонии муфид имкон медиҳад, ки сафи мизоҷон боз ҳам афзун шуда, дар инкишофи шабакаи фаъолияти толорҳои нави ширкат мусоидат намояд.
Зимни ифтитоҳи мағоза моликони он иброз намуданд, ки бо дастгирии Давлату Ҳукумати мамлакат барои соҳибкорон амалан фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолият имкон медиҳад, ки соҳибкорон баҳри хизматрасонии босифат, таъмини бозор тамоми имконоту василаҳоро истифода намоянд.
Ҳунармандони маъруф Ҷамшед Исмоилов ва Мубориз Усмонов бо сурудҳои ҷаззоби хеш аввалин харидорони мағозаро хушнуд намуданд.