(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли 2023 ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои бетаъхир андешида, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳою иқтидорҳо самаранок истифода бурда истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар самти рушду такомули ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида шуда, дар натиҷа нўҳ моҳи соли 2023 бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ карда шуд.

Дар ин давра саноатчиёни шаҳр иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудаанд, бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, дар раванди рушди босуръати ин соҳа ташаббусҳои некро амалӣ гардонида, чораҳои судманд андешида истодаанд.

Дар ин васила, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 1 миллиарду 167,0 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 108,2 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 343,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 51,2 млн. сомонӣ ё 12,4 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.

Дар нўҳ моҳи соли равон 49 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 254 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 292 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Таъкид шуд, ки натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 111,4 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 106,9 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 50,2 млн. сомонӣ ва 14,0 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид. Дар ин давра ҳамаи 10 намуди даромадҳои андозии буҷети ба нақша гирифташуда таъмин гардиданд.

Дар раванди бунёдкориву созандагӣ бинокорони шаҳр саҳми назаррас гузошта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 461,4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 383,0 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд.

Илова бар ин, ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, 169,9 миллион сомониро ташкил дод, ки он ба ҳар як сари аҳолӣ 839,4 сомонӣ рост меояд.

Зикр гардид, ки яке аз рисолатҳои ниёгонамон корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт баҳри афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо ва равшанкунакҳои муосир насб карда шуда, бо саҳми фаъолонаи соҳибкорону аҳолӣ дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи маҳаллӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Барои соли 2023-юм ҳамагӣ таъмири 45,0 км роҳҳо аз ҷумла, 26,0 км таъмири асосӣ ва 19,0 км таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, давоми нўҳ моҳи соли 2023-юм 41,1 км роҳҳо таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, 21,7 км таъмири асосӣ ва 19,4 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шудааст. Илова бар ин, 4,7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард сафолакпўш карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳар як сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми босазо мегузорад.

Бо қадами мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ якчанд иншооти гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла: корхонаи истеҳсолии халтаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азия Политекс”, 2 бинои истиқоматии баландошёна бо Маркази савдои бузург, Маркази ташхисию табобатии муосир, таваққуфгоҳ, майдончаи варзишии бачагона бо 80 ҷойи корӣ, бинои 4-ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Юсуф Исҳоқӣ барои 700 донишҷўй, бо синфхонаҳои таълимӣ, таҳлилгоҳҳои кимиёвӣ, биологӣ, утоқи дандонпизишкӣ, ошхона, бо 20 ҷойи корӣ, мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо 27 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсолии маҳсулоти полиграфӣ ва коркарди коғазҳо ҶДММ “Папирус” бо 40 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанин ҶДММ “Сохтмони Кабир” бо 24 ҷойи корӣ, маркази ташхисию табобатии дандонпизишкӣ бо 40 адад ҷойи корӣ, маркази савдо бо кушодани мағозаи фирмавии ҶДММ “Хонаи ман” бо 60 адад ҷойи корӣ иштирок варзида, ба онҳо ҳусни оғоз бахшиданд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2023, №АП-331, Қарори Раиси вилоят аз 10.03.2023сол, №88 оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва баҳри амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040», рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзишӣ фанҳои риёзӣ, дақиқ даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар миқёси шаҳр гузаронида шуд.

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар ҳамаи намуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то санаи 10-20.04. соли 2023 доир гардид, ки дар даври аввали озмун 5520 нафар иштирок намуданд.

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” санаҳои 29.05.2023 сол дар гимназияи №1 гузаронида шуд, ки дар он 209 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуда, 84 нафар аз рўйи ҳафт номинатсия ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ 47 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Ҳамчунин, вобаста ба эълон намудани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар олимпиадаҳои вилоятӣ фаннӣ ва олимпиадаи фаннии даставӣ 322 нафар хонандагони иштирок намуда, 141 нафар ба олипмиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода доир ба нишондиҳандаҳои дигари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумоти муфассал дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни кори ҷаласа аз масъулини соҳаи саноат, иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, занон, сармоягузорӣ, сохтмон, хизматрасониҳои коммуналӣ, танзими расму оин, ҷавонон, ободонӣ, маҳаллаҳо ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, вазъро ба риштаи таҳлил кашида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод.

Бахтиёр Нозимзода, прокурори шаҳри Хуҷанд ва Шералӣ Мансурӣ, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд доир ба вазъи назорати қонунгузорӣ, пешгирии сабабу шароитҳои қонунвайронкунӣ ва ҷиноятсодиркунӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, хисси худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон баромад ва ғайраҳо намуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ баромад намуда, фаъолони шаҳрро ҷиҳати истиқболи самимӣ аз 35 солагии Истиқлоли давлатӣ даъват намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи фаъолонро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати таъмини дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро суръат бахшида, тамоми тадбирҳои муассирро ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ба мардум меандешад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд