(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бахшида ба 70 солагии Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, духтур-эпидемологи дараҷаи олӣ Мӯъминҷон Қурбонов маҳфил баргузор гардид.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Тахмина Усмонова маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, аз роҳи тайкардаи Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъминҷон Қурбонов ба ҳозирин маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки мавсуф соли 1971 ба Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Днепропетровск Ҷумҳурии Украина ба факултаи санитария-гигиена дохил шуда, соли 1977 онро бо муваффакият хатм намуда, бо роҳхати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи духтур эпидемиолог фаъолияти худро дар МНДСЭ шаҳри Гулистон оғоз намуд.

Аз соли 1977 то соли 1986 дар МНДСЭ-и шаҳри Гулистон ҳамчун духтур эпидемиолог фаъолият намудааст.

Дар давоми фаъолияти худ дар шаҳри Гулистон чорабиниҳои зидди эпидемики ва профилактикиро бар зидди бемориҳои сироятӣ гузаронида, баҳри кам намудани бемориҳои сироятӣ ва хурўҷ нагирифтани онҳо саҳми худро гузоштааст.

Бахусус дар вақти заминларзаи соли 1985, ки дар шаҳри Гулистон оқибати хароб шудани хонаҳои истиқоматӣ, иншооти муҳими хоҷагии халқро овард, баҳри сар назадани бемориҳои сироятӣ дар байни шаҳрвандон чорабиниҳои зарурӣ андешида шуд, ки хурўҷи бемориҳо сироятӣ сари вақт пешгирӣ карда шуданд.

Мӯъминҷон Қурбонов моҳи апрели соли 1986 бо фармони Раёсати тандурустии вилоят мудири шўъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и вилоят таъин гардид. Аз соли 1986 то соли 1990 ҳамчун мудири шўъбаи эпидемиолгӣ, аз соли 1990-1996 ҳамчун муовини сардухтури МНДСЭ-и вилояти адои вазифа намуд.

Солҳои 1986-1996 якчанд маротиба дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Зафаробод, Деваштич, Истаравшан, Конибодом, Мастчоҳ, Хуҷанд, Гулистон хурўҷи бемориҳои сироятии монанди домана, зукоми гулў, сурхакон, исҳоли хунин ба қайд гирифт шуд, ки аз тарафи Мӯъминҷон Қурбонов ва дигар мутахасиссони МНДСЭ саривақт чорабиниҳои зарурии зидди эпидемикӣ баҳри пешгири ва кам кардани қайди ин бемориҳо гузаронида шуд.

Соли 1996 дар муассисаи навтаъсиси Маркази эмтаъминкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамчун муовини директор фаъолиятро идома бахшид. Ва дар солҳои 1996-1997 баҳри пешгирии хурўҷи бемории зукоми гулў дар рўзҳои эмкуни оммавӣ ҳиссаи худро гузошт.

Дар давоми солҳои меҳнатии худ дар маркази эмтаъминкуни якчанд маротиба ба шаҳру навоҳии Қўрғонтеппа, Бохтар, Восеъ, Норак ва як қатор навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари хизмати намуда дар байнӣ кормандони тибби ин вилоят дарсҳои бозомўзӣ оиди эмтаъминкунӣ аҳолӣ гузаронидааст.

Дар ҷараёни мулоқот Индира Акмалхӯҷаева, намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, собиқадори меҳнат Шариф Комилов, сардори иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тибби вилоят Олимхӯҷа Маллаев, директори Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ Машҳура Юсупова ва дигарон баромад намуданд.

Зикр гардид, ки Мӯъминҷон Қурбонов ҳамчун мутахасиси кордон дар якчанд симбозиуму конфронсҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маърўзаҳои илмӣ намудааст. Солҳои 2002-2006 ҳамчун муовини сардухтури МНДСЭ-и вилоят адои вазифа намуда, соли 2006 ба вазифаи директори Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ таъин ва то ба нафақа баромадан кору фаъолият намудааст.

Дар давоми фаъолияти меҳнатии худ, бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқаи касабаи Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иттифоқи касабаи Раёсати тандурурстӣ вилоят ва якчанд маротиба бо ифтихорномаи Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон, Раёсати тандурустии вилоят Суғд, мукофотонида шудааст.

Аз соли 1986 духтур эпидемиологи дараҷаи Олӣ, соли 2004 бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикситон бо нишони фахрии Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2023 бо нишони Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.

Аз номи фарзандон ва пайвандон Азиза Собирова, корманди бонки “Арванд” барои ташкили чунин маҳфил ва гиромидошти хидматҳои падараш-Мӯъминҷон Қурбонов ба Давлату Ҳукумати мамлакат арзи миннатдорӣ намуд.