(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАдабпарвару раҳнамо ба фардои нек 

Устодону омӯзгорон, мураббиёну тарбиятгарони азиз ва собиқадорони соҳаи маориф!

Боиси хушнудист, ки дар ин айёми заррини сол ҳамасола ҳафтаи якуми моҳи октябр ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату меҳнат ва машаққатҳои беназири муаллимон дар саросари кишвар Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу шазомати хос тантана мегардад. Зеро устодону омӯзгорон ва мураббиён шоиста ва лоиқи ҳама гуна арҷгузориҳо мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии хеш рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Мақсад аз амалӣ сохтани ин иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Дар Паёми хеш Пешвои миллат дар васфи омӯзгорон таъкид намуданд, ки «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натижа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззам миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода силсилаи тадбирҳо амалӣ карда мешаванд, ки дар натиҷа муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар гардид. Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин муассисаҳои соҳаи маориф сохта шуда, имрӯз хонандагон дар синфхонаҳои барҳаво, бо китобу таҷҳизоти техникии муосир таьсил мекунанд, кӯдакон дар гурӯҳҳои бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз бо таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, омӯзгорон дар шароити шоистаи корӣ фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд МТМУ №28, МТТ №18 пурра азнавсозӣ гардида, Мактаби русии ба номи А.Чехов ва бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд қомат афрохтанд.

Омӯзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омӯзгорӣ басо сангину заҳматталаб, вале пурифтихор аст.

Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрӯзу фардои кишвар ва афзудани обрӯю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд ва ин ҳама заҳмат натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст, ки аз назари роҳбарияти кишвару вилоят ва шаҳр дур намемонад.

Омӯзгорон ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи гиромидошти муаллим бори дигар табрику таҳният мегӯям, бароятон тани сиҳат, барори кор ва дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои бешумор хоҳонам.