(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМасоили ҳамкории бародаршаҳрҳои Хуҷанду Магилёв имрӯз дар вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо Евгений Дублёвский, муовини Раиси ноҳияи Ленини шаҳри Магилёв барррасӣ гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таҳкими ҳамкориҳо ёдоварӣ намуд.

Евгений Дублёвский, муовини Раиси ноҳияи Ленини шаҳри Магилёв сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷандро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрику таҳният намуда, зикр дошт,ки чунин шаҳру орому зебо ва пур аз тароватро бори аввал мебинад ва бисёр мафтуни он шудааст.

Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду бародаршаҳрро дар сиёсати дурбинонаи муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус муҳтарам Александр Лукашенко арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки омодагии хешро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд