(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бинои нави истиқоматӣ ба истиқболи ҷашнДар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 20 солагии қабули Сарқонуни кишвар чорабиниҳои гуногун идома доранд. Боиси тазаккур аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президженти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар рушду нумӯи кишвар ва ободии диёр саҳми арзанда мегиранд.
Соҳибкор аз маркази вилоят Муртазо Алиев аз зумраи онҳоест, ки даст ба кори хайру саховат зада, нисбати ободии шаҳр саҳми сазовор мегирад.
Бо ташаббуси ӯ дар маҳаллаи «Навбаҳор» (микроноҳияи 34-ум) як бинои истиқоматии ҳозирзамон сохта шуд, ки маросими ба истифодадиҳии он субҳи имрӯз бо иштироки Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.
Ёдовар мешаем, ки арзимши лоиҳавии бинои нави истиқоматии 6 ошёна 3 млн. сомонӣ буда, он иборат аз 36 ҳуҷраи истиқоматист. Дар маросими ба истифодадиҳии бино Раҷаббой Аҳмадзода ба сухан баромада,  ёдовар шуд,ки аз оғози соли равон то имрӯз дар маркази вилоят 34 иншоотҳои  мухталиф ва 15 биноҳои баландошёна мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамаи ин ободӣ ва рушду тараққиёти шаҳрамон аз сиёсати  бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад,- гуфт Раиси шаҳр,-дар арафаи ҷашни Сарқонуни кишвар дар маркази вилоят корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза гирифт.
Мо итминон дорем, ки соҳибкорони ватанӣ барои амалҳои неку бунёдкорӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳанд.